Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Эмомалӣ Нуралии 23-сола, ки ҳоло ҷудокори рақами яки ҷаҳон дар вазни то 66 кило мебошад, бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Вай намояндаи Испания Нието Чинарро бо имтиёзи “иппон” мағлуб намуда, дар ҳаштякфинал бар Важа Маргвелашвилии гурҷӣ бо ду имтиёзи “ваза-ари” дастболо шуд. Эмомалӣ дар чаҳорякфинал бо се “шидо” (“огоҳӣ”) муқобили намояндаи Қазоқистон Гусман Қирғизбоев пирӯз гардид.
Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бо ҳамватани худ Обид Ҷебов рақобат карда, бо имтиёзи “ваза-ари” ғолиб омад. Аммо Эмомалӣ дар финал барои медали тилло аз Такеши Такеокаи 26-солаи ҷопонӣ бо имтиёзи “юко” мағлуб гашт.
Ба Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра ва 15 ҳазор евро тақдим гардид. Ин аввалин медали нуқра дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад.
Паҳлавони 27-солаи тоҷик Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд. Вай дар даври дуюм намояндаи Маҷористон Балинт Гомбасро шикаст дод. Обид дар ҳаштякфинал ба Рамазон Абдуллоев аз дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар чаҳорякфинал қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва чаҳоркаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абеи 27-солаи ҷопониро бо имтиёзи “иппон” шикаст дод.
Ҷебов дар даври ниманиҳоӣ аз Эмомалӣ Нуралӣ мағлуб шуд. Барои медали биринҷӣ Ҷебов бар Валиде Хяри 30-сола аз Фаронса бо ду “ваза-ари” ғалаба карда, медали биринҷӣ ва 8000 евро гирифт.
Бояд зикр намуд, ки ин сеюмин медали биринҷӣ дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон Расул Боқиев соли 2007-ум дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило ва нишони дуюми биринҷиро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило соли 2024 дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба даст овардаанд.
Дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт паҳлавони 25-солаи тоҷик Меҳрзод Суфиев, ки дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Ҷонатан Чаронро аз Куба шикаст дод. Аммо Меҳрзод дар даври баъдӣ аз Ромаин Валиде Пикарди фаронсавӣ мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳруш гашт.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон, ки дар пойтахти Маҷористон то рӯзи 19-уми июн идома хоҳад кард, 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам иштирок доранд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт нуҳ варзишгар дар рақобатҳо байни мардон дар шаш вазн намояндагӣ мекунанд.
Боз шаш паҳлавони тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - рақобат хоҳанд кард.
Натиҷаҳои қуръакашӣ бо иштироки паҳлавонони тоҷик:
-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода – Арун Кумар (Ҳиндустон) – даври якум;
-73 кг – Абубакр Шеров – Нилс Стамп (Швейтсария) – даври дуюм;
-81 кг – Сомон Маҳмадбеков - ғолиби ҷуфти Ҷоао Фернандо (Португалия)/ Аттила Унгвари (Маҷористон) – даври дуюм;
-100 кг – Кароматулло Ҳакимов – Арман Адамян (IJF) – даври дуюм;
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов - ғолиби ҷуфти Сингҳ Автар (Ҳиндустон)/ Коусай Бен Чарис (Тунис) – даври дуюм;
+100 кг – Темур Раҳимов – Сеунгёб Ли (Кореяи Ҷанубӣ) - даври дуюм.
Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд. Тибқи дастури мусобиқот рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн байни мардон ва дар як вазн миёни занон доир мегардад. Рақобатҳои интихобӣ соати 14:00 ва ниҳоӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешаванд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон дар чаҳор вазн (ду вазн миёни мардон ва ду вазн байни занон):
Мардон
60 кг
1. Рюҷи НАГАЯМА (Ҷопон)
2. Ромаин ВАЛИДЕ ПИКАРД (Фаронса)
3. Елк КАЗИРБЕК (Муғулистон)
3. Аюб БЛИЕВ (IJF)
66 кг
1. Такеши ТАКЕОКА (Ҷопон)
2. Эмомалӣ НУРАЛӢ (Тоҷикистон)
3. Обид ҶЕБОВ (Тоҷикистон)
3. Ҳифуми АБЕ (Ҷопон)
Занон
48 кг
1. Ассунта СКУТТО (Италия)
2. Ҳабиба АБУЖАКИНОВА (Қазоқистон)
3. Лаура АРТИНЕЗ АБЕЛЕНДА (Испания)
3. Ваканда КОГА (Ҷопон)
52 кг
1. Ута АБЕ (Ҷопон)
2. Дистриа КРАСНИҚИ (Косово)
3. Роза ГЙЕРТИАС (Маҷористон)
3. Маша БАЛЛҲАУС (Олмон)
Дар ҳисоби медалҳо Ҷопон бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Италия бо касби 1 медали тилло дар ҷойи дуюм ва Тоҷикистон бо касби 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ - 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ - 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ - 1,600 евро).