Бархе аз муҳоҷирони меҳнатии собиқ, ки солҳо дар Русия будаанд, мегӯянд, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар ин кишвар кори онҳоро душвор кардааст ва ҳоло нияти рафтан ба Русияро надоранд.
Як пуле бар фарози рӯди Яхсу дар ноҳияи Восеъ дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ нимвайрона шудааст ва ду сол боз баҳси бозсозии он ба натиҷае намерасад.
Ронандагони таксӣ дар Душанбе нигаронанд, ки чор ширкати дорои иҷозаи мусофиркашонӣ ба онҳо барои идомаи кор рафтори ноодилон доранд.
Аслан Гулобов, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар зиндон вафот кардааст. Ӯ 35 сол дошт. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Гулобов шоми 9-уми июн бар асари хунрезии меъда ҷон дод. Мақомот расман дар ин бора суҳбат намекунанд.
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Владимир Путин ва дидори Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон бо нахуствазири Русия, гумонзаниҳо дар бораи интиқоли қудрат дар ду кишварро зиёдтар кардааст.
Дар Русия пас аз қабули қонуни нав танҳо чор дар сади кӯдакони муҳоҷирон, ки барои таҳсил дар мактабҳо ариза дода буданд, иҷозаи таҳсил дарёфт кардаанд.
Ёфтҳои бештар