Ғиёсиддин Эргашев, яке аз даҳҳо тан аз шаҳрвандони Узбекистон аст, ки дар чанд вақти ахир аз Амрико ба он кишвар ихроҷ мешавад.
Идораи муҳоҷирати Амрико гуфт, ин ҷавонро, ки дар ватанаш ба тақаллубкорӣ муттаҳам мекунанд, рӯзи 29-уми май аз Амрико ихроҷ карда, ба Узбекистон фиристодаанд.
Браян Макшейн, сардори Раёсати идораи муҳоҷират дар Филаделфия гуфт, Идораи муҳоҷират, мекӯшад, афродеро, ки аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз кишварашон мегурезанду мехоҳанд, инҷо паноҳ баранд, аз хоки Амрико берун кунад, то амнияти ҷомеа таъмин ва амнияти миллии ИМА мустаҳкамтар шавад.
Шаҳрванди Узбекистонро соли 2023 барои вуруди ғайриқонунӣ ба хоки Амрико дастгир ва бо шарти ҳозир шудан ба додгоҳ, ҷавоб додаанд. Маълум нест, ӯ дар Узбекистон ба чӣ ҷинояте муттаҳам мешавад.
Идораи муҳоҷирати Амрико аввали ҳамин моҳ аз боздошти як шаҳрванди тоҷиктабори Русия хабар дод, ки ба гуфтаи ин идора дар Тоҷикистон барои узвият дар созмони террористии Ал-Қоида ҷустӯҷу мешавад.
Ному насаби ин ҷавонро нагуфтанд ва то ҳол маълум нест, ки ӯро барои муҳокима ба Тоҷикистон мефиристанд, ё Русия.
Филаделфия, яке аз шаҳрҳои Амрикост, ки муҳоҷирон бахусус аз Узбекистон ва Тоҷикистон макони иқомат интихоб кардаанд.
Мақомоти Амрико то кунун беш аз 130 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро ба ватанҳояшон ихроҷ карданд. Номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳида ихроҷ шаванд.
Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп пас аз бозгашт ба қудрат дар моҳи январи соли гузашта муборизаи сахтеро ба зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба роҳ монд.
Маъмурони амниятӣ дар шаҳрҳои гуногун ҳазорон муҳоҷирро дастгир карданд ва шиддат гирифтани амалиётҳо, сабаби тазоҳурот ба зидди Доналд Трамп дар шаҳрҳои гуногуни кишвар шуд.
Гуфтугӯ