Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон аз рӯзи ҷумъа, то кунун се нафар кушта ва беш аз 80 нафар захмӣ шудаанд.
Дар телевизионҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо навор аз бархӯрди мушакҳои баллистикии Эрон ба маркази Телавив, нашр шудааст.
Расонаҳо менависанд, ки мушакҳои Эрон аз ҷумла, дар Телавив ба Маркази пажӯҳишҳои ҳастаӣ, сохтмони Вазорати дифоъ ва дигар биноҳои муҳими давлатӣ, бархӯрдаанд.
Мушакҳои Эрон ҳамчунин дигар шаҳрҳои Исроилро ҳам ҳадаф қарор додаанд.
Расонаҳои исроилӣ субҳи 14 июн гузориш додаанд, ки даври нави ҳамлаҳои мушакии Эрон пеш аз тулӯи офтоб маркази ин кишварро ҳадаф қарор дод.
Чанд лаҳза пеш аз он, артиши Исроил аз партоби мавҷи нави мушакҳои баллистикӣ аз Эрон ба тарафи ин кишвар хабар дода буд ва аз ғайринизомиёни исроилӣ хост, ки дар паноҳгоҳҳо бимонанд.
Андаке пештар низ артиши Исроил аз сарнагунии се паҳбод, ки зоҳиран аз тарафи Яман ба сӯи ин кишвар партоб шуда буд, хабар дод.
Ҳамлаҳои ду ҷониб ба нуқтаҳои мухталифи якдигар тӯли шаб идома ёфт.
Бинобар гузоришҳо, ҳамлаҳои Исроил ба нуқтаҳои гуногуни вилояти Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон дар субҳи 14 июн идома кард.
Хабаргузории эронии "Форс" аз ҳамлаи Исроил ба фурудгоҳи "Меҳробод"-и Теҳрон хабар дод. Дар шаҳрҳои дигари Эрон, аз ҷумла, Исфаҳон, Караҷ ва Пироншаҳр ҳам гузоришҳое дар бораи даргирии системаи дифоӣ Эрон бо ҳамлаҳои Исроил нашр шуд.
Исроил субҳи ҷумъаи 13 июн ба чандин шаҳри Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла кард ва пойгоҳҳои ҳастаӣ ва низомии Эронро ҳадаф қарор дод.
Дар ин ҳамлаҳо Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ҳасан Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон, Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ, Ғуломалӣ Рашид, фармондеҳи қароргоҳи Хотам-ул-анбиё, Фаридун Аббосӣ, раиси пешини Созмони энержии атомӣ ва Муҳаммад Маҳдӣ Теҳрончӣ, раиси Донишгоҳи озод ва чанд донишманди ҳастаӣ, кушта шуданд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки дар ҳамлаҳо дар устони Теҳрон 78 нафар ҷон бохтанд, ки бештари онҳо ғайринизомиён ҳастанд. Ҳашт тани дигар дар ҳамла ба Табрез кушта шудаанд.
Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Гуфтугӯ