Дар бозорҳои Қазоқистон ҳоло ҳам қимати маводи хӯрока дар муқоиса ба мағозаҳо арзонтар аст, вале нархи картошка дар бозор ҳам мардумро метарсонад. Он ҳам 600 танга ва ё бештар аз 10 сомонӣ аст. Соли гузашта як килои он 5 сомонӣ арзиш дошт. Мақомот соли гузашта гуфтанд, ки сабзавот дар Қазоқистон барои ҳама кофист, вале имсол чунин вазъ пеш омадааст, маҳсулот ҳаст, вале қиматҳо боло рафтаанд.
Серик Жумангарин, муовини нахуствазири Қазоқистон мегӯяд, ки ду роҳ дорем -- яке таъйини қимати муайян барои картошка, ки дар ин сурат ҳеч кас онро кишт намекунад ва соли оянда ба камбуди картошка дучор мешавем. "Роҳи дигар коҳиши содироти картошка аст, ки мо ин корро кардем, вале қимати онро маҳдуд накардем",-мегӯяд Серик Жумангарин.
Азбаски дар Русия соли камҳосил омад, қисме аз картошкаи Қазоқистонро барои фурӯш ба онҷо мебаранд. Мақомот ҳам ҳеч маҳдудияте дар содирот нагузоштаанд ва мегӯянд, қонуни бозор бояд риоят шавад, яъне касе пули бештар медиҳад, ба он мефурӯшанд. Аммо дар ин миён бозори кишоварзии Русия, ки зери фишори таҳримот ба бӯҳрон дучор шудааст, аз ҳисоби кишоварзони қазоқ худро наҷот медиҳад.
Ба гуфтаи Марат Каирленов, директор "Улагат Консалтинг Групп", ширкати "Ростселмаш" аз бозор меравад ва ба сабабҳои гуногун фурӯшаш бисёр кам шудааст. Марат Каирленов афзуд, "аз ин рӯ ҳар вақт мушкиле пеш омад, аз мо мехаранд. Пули русиро дар бисёре аз кишварҳо намегиранд, вале чун дарҳои мо боз аст, аз мо мехаранд".
Натиҷаи инро қазоқистонҳое эҳсос мекунанд, ки ҳар рӯз ба мағоза мераванду мебинанд, чӣ гуна қимати маҳсулоти мавсимӣ ҳам, ки бояд гарон набошанд, боло мераванд.
Айни замон кишоварзони Қазоқистон ҳам мушкилот доранд. Мушкилашон ҳавои номусоид нест, балки монеаҳои сунъиест, ки мақомот офаридаанд.
Ба қавли Марат Каирленов, барои ислоҳи соҳа, бояд хароҷот барои техникаи кишоварзӣ кам шавад, то кишоварзон ба трактору комбайн дигар мошинҳои киштукор дастрасии осонтар дошта бошанд.
Ба қавли ӯ, дар ин ҳол, метавон вазъи соҳаро ислоҳ кард ва ба қадри кофӣ картошкаву дигар маҳсулоти кишоварзӣ тавлид кард, ки ҳам барои дохил кофӣ бошад, ҳам барои содирот.
"Агар вазъро ислоҳ намекунем ва аҳвол ҳамингуна монад, таварруми бисёр зиёд ва камбуди маҳсулот хоҳад шуд. Бо истеҳсолоти феълӣ мо Русияро хӯронда наметавонем ва аз мо ҳамачиро мебаранду мебаранд",- мегӯяд Марат Каирленов, директор "Улагат Консалтинг Групп".
Роҳ надодан, ба болоравии қимати картошка ягона ваъдаи мақомоти Қазоқистон нест, ки иҷро намешавад, вале мардум дигар илоҷе ба ғайр аз мутобиқат ба вазъ надоранд.
Гуфтугӯ