Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CAFA U-20: Тоҷикистон ва Узбекистон барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) бо ширкати шаш дастаи мунтахаби ҷавонони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон ва Узбекистон - ба поён расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври ниҳоӣ дар гурӯҳи “А” байни футболбозони ҷавони Тоҷикстон (U-18) ва Қирғизистон (U-20), ки шаби шанбеи 14-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Пас аз ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон 4-имтиёзӣ ба даст оварданд. Ба далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо бозигарони Қирғизистон дар гурӯҳи «А» зинаи аввалро ишғол карданд.

Ҳамакнун дар рақобати ниҳоӣ футболбозони ҷавони қирғиз бо тими Эрон, ки дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд, барои Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мубориза мебаранд. Бозии ниҳоӣ 17-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо тими Узбекистон (U-20), ки дар гурӯҳи “В” дуюм шуд, рақобат мекунад. Ин дидор рӯзи 16-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода соати 21:00 шуруъ мешавад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA U-20

Гурӯҳи «А»

Тоҷикистон

Қирғизистон

Афғонистон

Гурӯҳи «В»

Эрон

Узбекистон

Туркманистон

Даври 1-ум

Гурӯҳи “А”

Афғонистон – Тоҷикистон – 0:2

10-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи “В”

Туркманистон – Эрон – 0:1

10-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм

Гурӯҳи “А”

Қирғизистон – Афғонистон – 3:0

12-уми июн.Турсунзода, варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”

Гурӯҳи “В”

Узбекистон – Туркманистон – 1:1

12-уми июн.Турсунзода, варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”

Даври 3-юм

Гурӯҳи “А”

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:1

14-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи “В”

Эрон – Узбекистон – 0:0

14-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Бозӣ барои ҷойи сеюм

16-уми июн (душанбе)

Соати 21:00. Тоҷикистон - Узбекистон

Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

ФИНАЛ

17-уми июн (сешанбе)

Соати 19:00. Қирғизистон - Эрон

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG