Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари шаҳрвандони 36 кишвар ба Амрико манъ мешавад. Аз Осиёи Марказӣ кӣ дар рӯйхат ҳаст?


Маъмурияти Доналд Трамп тарҳеро баррасӣ дорад, ки бар асоси он сафари шаҳрвандони боз 36 кишвар, азҷумла баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд мешавад. Дар ин бора рӯзномаи Washington Post баъди шинос шудан бо як санади Департаменти давлатии Амрико гузориш додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ба рӯйхати кишварҳое, ки сафари шаҳрвандонашон ба Амрико метавонад манъ ё маҳдуд шавад, 25 кишвари африқоӣ, баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ ва чанд мамлакат дар ҳавзаи Уқёнуси Ором шомил шудаанд. Аз Осиёи Марказӣ номи Қирғизистон дар ин рӯйхат ҳаст. Номи Тоҷикистон дар санад зикр нашудааст. Пештар сафари шаҳрванди Туркманистон ба ИМА маҳдуд шуда буд.

Камбоҷа, Миср, Судони Ҷанубӣ ва Сурия азҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки сафари шаҳрвандонашон ба Амрико метавонад манъ шавад.

Санади Департаменти давлатии Амрико пешбинӣ мекунад, ки додани раводид ё визаи Амрико барои шаҳрвандони ин кишварҳо манъ ё маҳдуд карда мешавад.

Аммо маълум нест, ки ин санад кай қабул ва ба иҷро медарояд. Намояндагони Департаменти давлатии Амрико ва ҳамчунин Кохи Сафед дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд.

Дар санаде бо имзои Марко Рубио, котиби давлатии Амрико омадааст, ба кишварҳои номбурда 60 рӯз муҳлат дода мешавад, ки талабҳои нави Департаментро иҷро кунанд. Washington Post менависад, дар баъзе аз ин кишварҳо "фасоди густурда аз тарафи ҳукумат" ҷой дорад ё ниҳоди марказии боэътимод барои додани санадҳои шаҳрвандон фаъол нест.

Ба навиштаи WP, дар 36 кишвари зикршуда имкони гирифтани шаҳрвандӣ бар ивази сармоягузорӣ ва бидуни иқомат фароҳам аст. Изҳороти “яҳудситезона ва зидди амрикоӣ дар Иёлоти Муттаҳида” аз ҷониби шаҳрвандони ин кишварҳо аз сабабҳои дигари маҳдуд кардани сафари онҳо ба Амрико гуфта мешавад.

Як сабаби дигар ин будааст, ки бисёре аз шаҳрвандони ин кишварҳо баъди гузаштани муҳлати раводидашон Амрикоро тарк накарданд.

Ба 36 кишвари мавриди назар то рӯзи чоршанбеи 18-уми июн муҳлат дода шудааст, ки нақшаи пешакии худро барои ислоҳи вазъ пешниҳод кунанд. Маълум нест, ки Қирғизистон дар ин бора аз ИМА ягон дархости расмӣ гирифтааст ё не.

Пеш аз ин маъмурияти Доналд Трамп вуруди шаҳрвандони 12 кишварро ба Амрико манъ кард. Бар асоси ин фармон, ки 9-уми июн ба иҷро даромад, шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Мянмар, Чад, Конго, Гвинея, Еритерия, Ҳаитӣ, Либия, Сомали, Судон ва Яман наметавонанд ба Амрико сафар кунанд. Илова бар ин, маҳдудиятҳои бештаре низ барои мусофирон аз кишварҳои Бурунди, Куба, Лаос, Серра-Леоне, Того, Туркманистон ва Венесуэла ҷорӣ шудааст.

Доналд Трамп баъди бозгашт ба Кохи Сафед қонунҳои муҳоҷират ба Амрикоро сахтар кард. Ин кор ахиран боиси эътирозҳо дар баъзе шаҳрҳои ИМА, азҷумла Лос-Анҷелес шуд.

XS
SM
MD
LG