Дар чанд ҷумла
Афзоиши содироти шираи камол ба Афғонистон

Дар соли 2016 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 315 тоннаву 800 килограмм шираи камол ба маблағи 4 миллиону 330 ҳазор доллари амрикоӣ ба Афғонистон содир шудааст.
Нур Шокиров, муовини сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон сешанбеи 17 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин миқдор шираи камол аз Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи гумрукии ин вилоят ба Афғонистон содир шудааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Шокиров, содироти шираи камол дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 бештар аст. Соли 2015 ҳаҷми истеҳсол 312 тоннаву 800 килограммро ташкил додааст.
Абдуқаюмбек Раҳмонов, сардори бахши омори Раёсати гумруки вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки шираи камол аз ҷониби ширкати “Фароз” ба хориҷи кишвар содир шуда ва танҳо ин ширкат ҳаққи содироти ин навъи гиёҳро дорад.
Масъулони Раёсати гумруки вилояти Хатлон дар нишасти хабарии хеш гуфтанд, ки ширкати “Фароз” бо иҷозаномаи ҳукумати Тоҷикистон шираи камолро аз кӯҳу пуштаҳо ҷамъоварӣ карда ва ҷиҳати тавлиди дору ба хориҷи кишвар содир мекунад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки марҳилаи аввали интиқоли шираи камол Афғонистон аст ва афроде, ки дар ноҳияҳои Хуросон, Панҷ, Фархор ва Данғара шираи камолро ҷамъоварӣ мекунанд, умдатан афғонҳо ҳастанд ва тибқи шартнома аз ҷониби ширкати “Фароз” ҷалб шудаанд.
Бо ин ки ширкати “Фароз” дар соли 2013 ҳаққи ҷаъмоварӣ ва содироти шираи камолро пайдо кардааст, вале моликон ё раҳбарони он зикр намешаванд, вале таҳлилгарон мегӯяд, ки ин як тиҷорати хубест, ки даромади зиёд дорад.
Саиқул Зуҳуриддинов, як сокини 62-солаи деҳаи Зуҳури ноҳияи Хуросон мегӯяд, ки таҷрибаи ҷамъоварии шираи камолро дорад ва соли гузашта давоми чор моҳ як гурӯҳи 11-нафарии ҷамъоварандагони ин шираро, ки афғонҳо буданд, раҳбаладӣ мекард. Ба гуфтаи ӯ, чанд нафар сокини маҳаллӣ, ки шомили ин гурӯҳ буданд, моҳона 1000 сомонӣ даромад мегирифтанд:
"Аз кӯҳ шираи камол ҷаъмоварӣ мекардем. Афғонҳо шартнома доштанд ва барои ҳар як килограмм шираи камол 4 доллар мегирифтанд, ман бошам 1000 сомонӣ мегирифтам.”
Ин пирамард мегӯяд, давоми мӯҳлати ҷамъоварии шираи камол дар баробари раҳнамоӣ дар маконҳои рӯидани ин гиёҳ, гаҳ-гоҳе барои онҳо хӯрок мепухт. Мутахассисон мегӯянд, барои гирифтани шираи камол, нахуст растаниро мебуранд, сипас шираи он баромада ба замин мерезад ва шах мешавад ва сипас ҷаъмоварӣ мешавад. Ин гиёҳ дар панҷ сол барои шира додан омода мешавад, яъне вақте мерӯяд бояд панҷ сол бояд мунтазир шуд, ки шира диҳад.
Камол гиёҳи нодир аст, ки дар минтақаҳои гарм парвариш меёбад ва бештар аз як метр қад мекашад. Шираи камол бо он ки буи бад дорад, аммо дар соҳаи тиб ба таври васеъ истифода мешавад. Шираи камол, ки дар илм бо исми лотинии “ферула” шинохта шудааст, аз гиёҳҳои шифобахшест, ки махсус дар соҳаи дорусозӣ, аз ҷумла пенисиллин истифода мешавад.
Соли 2010 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли он беш аз 200 тоннаро ташкил додааст, маҳалли парвариши он Вахшу Бохтар ва дигар манотиқи вилояти Хатлон аст. Дар як шарҳаш таҳлилгари маъруф Зафар Абдуллоев гуфта буд, ки ин миқдор шираи камол дар бозор то 10-15 миллион доллар арзиш дорад. Ҳақи истеҳсол ва коркарди шираи камол бо як иҷозатномаи масхуси ҳукумат ба ширкати “Фароз” дода шудааст, ки барои ин кор ба маблағи 115 ҳазор доллар аз Чину Ҳинд дастгоҳҳои замонавӣ харидорӣ кардааст. "Фароз" аз ширкатҳои наздик ба ҳукумат номбар мешавад, ки ба бизнесҳои мухталиф, сар карда аз фурӯши маводи сӯхт то ҷамъоварии "шираи камол" машғул аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Мақомоти Тоҷикистон аз мусодираи 178 килограм афюну ҳашиш хабар доданд

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи панҷ нафарие хабар дод, ки ба қавли кумита 180 килограм маводи мухаддирро аз Афғонистон қочоқ кардаанд ва мехостанд, ба хориҷ бурда фурӯшанд.
Дар баёнияи расмии кумита, ки хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 16-уми июн нашр кард, омадааст, маъмурони амниятӣ ва марзбонони тоҷик аз қочоқи 178 килограму 845 грам ҳашиш ва афён дар минтақаи Дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешгирӣ кардаанд.
Қисми зиёди ин маводи мухаддир, яъне 139 бастаро ро аз дохили таксӣ пайдо кардаанд, ки гӯё ба ширкати “3333” тааллуқ доштааст. Дар баёния омадааст, ки ҳангоми амалиёти тафтишотӣ, Бобоҷони Абдулҳақ, сокини 34-солаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Акбари Ҳиҷрат шаҳрванди 31-солаи Афғонистон ва муқими шаҳри Ваҳдат ва сипас се сокинони дигари ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин ду ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистонро дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд дастгир кардаанд.
Дар баёния омадааст: “Дар рафти бозпурсии Бобоҷони Абдулҳақ муайян карда шуд, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро аз қочоқбарон афғон ба маблағи 20 000 доллари амрикоӣ дастрас намуда, мақсад доштааст тавассути ҳаммаслакони ҷиноятии худ онро ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва баъдан ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.” Дар баёния гуфта нашудааст, ки ин афродро кай дастгир кардаанд.
Тоҷикистон, ки марзи бештар аз 1300 километрӣ бо Афғонистон дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба хориҷ аз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Солона дар кишвар садҳо килограм афюну тарёку ҳашиш ва ҳероин кашфу мусодира мешавад ва даҳҳо нафар ҳам барои қочоқи ин мавод паси панҷара мераванд.
Русия ҷасади 1200 сарбози Украинаро ба ватанашон додааст

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия ҷасадҳои 1200 сарбози кушташудаи кишварро ба онҳо супурдааст.
Идораи ҳамоҳангсози муносибат бо асирони ҷангӣ дар Украина рӯзи 16-уми июн гуфт: “Ба Украина 1200 ҷасадро баргардонданд, ки ба гуфтаи ҷониби Русия шаҳрвандони Украина ва аз ҷумла сарбозон ҳастанд.” Дар як ҳафтаи гузашта, Русия дар умум 4800 ҷасади сарбозони украиниро ба ватанашон бозгардондааcт. Русия дар рӯзи аввал 27 ҷасади сарбозонашро бозпас гирифтааст.
Созиш барои табодули ҷасадҳои сарбозон рӯзи дуюми июн дар Истанбул ҳосил шуд. Мақомоти Русия он замон гуфтанд, ки ҷасади 6 ҳазор сарбози Украинаро ба ватанашон месупоранд. Мақомоти Русия ҳафтаи оянда гуфтанд, ки омодаи табодули ҷасадҳо ҳастанд ва айни замон Украинаро ба он муттаҳам карданд, ки раванди табодулро ба дарозо мекашад.
Дар посух ба ин ҳукумати Украина гуфт, ки супурдани ҷасадҳо рӯзи 10-уми июн оғоз мешавад. То кунун байни ду тараф чаҳор бор табодули ҷасадҳо сурат гирифтааст, вале теъдоди дақиқи онҳоро нагуфтаанд. Интизор меравад, ки ба ҳам супурдани сарбозони кушташуда то охири ҳафтаи оянда идома мекунад.
Остона мунтазири раҳбарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ба шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон рафт ва қарор аст, рӯзи 17 июн дар ҳамоиши дуюми Чину Осиёи Марказӣ иштирок кунад.
Дар баробари раҳбарони кишварҳои дигари минтақа дар нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ҳузур хоҳад дошт. Лин Ҷян, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 13 июн гуфт, дар ҷаласа раҳбарони кишварҳо дар бораи ҳамкориҳои Чину Осиёи Марказӣ ва вазъи нуқтаҳои доғ дар ҷаҳон ибрози назар мекунанд.
Чин барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ бо аҳолии 80 миллион нафарӣ бо Русия дар ҳоли рақобат аст. Осиёи Марказӣ дар доираи тарҳи стратегии “Як камарбанд – як роҳ” бо Чин ҳамкориҳои густурдае дар бахши иқтисоду боркашӣ ҳамкорӣ мекунад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар талоши кам кардани вобастагӣ аз Русия ва афзоиши ҳамкорӣ бо дигар шарикон мебошанд. Чин барои ин кишварҳо ҳоло муҳимтарин ҳамкори иқтисодӣ ва сармоягузори тарҳҳои азим аст. Ҳамоиши аввали ду тараф соли 2023 баргузор шуда буд.
Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми футзали Осиёро мизбонӣ мекунад

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳашт кишвар – Тоҷикистон, Тайланд, Кувайт, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Мянмар, Малайзия ва Чин - мизбонӣ мекунанд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026, ки аз 20-ум то 24-уми сентябр баргузор мешаванд, дар маҷмуъ 31 даста ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешаванд: ҳафт гурӯҳ аз чаҳор даста ва як гурӯҳ аз се даста иборат хоҳанд шуд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли оянда дар Индонезия доир мегардад, роҳ меёбанд.
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 26-уми июн маълум мешаванд.
Туркманистон барои берун шудани хориҷиён аз Эрон кӯмак мерасонад

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар додааст, ки барои баромадани хориҷиён аз Эрон кӯмак мерасонад.
Ин ниҳод 16-уми июн дар хабарномае навишт, то имрӯз ҳудуди 120 нафар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Руминия ва дигар кишварҳо, тавассути гузаргоҳҳои Туркманистон аз Эрон баромаданд.
"Онҳое, ки омадаанд, бо нақлиёт, хурокворӣ, меҳмонхонаҳо ва чизҳои зарурии рузгор таъмин карда шуданд," омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Мақомоти Туркманистон гуфтаанд, баъд бад шудани вазъият дар Эрон, "чораҳои фаврӣ меандешад, то қаламрави худро барои хуруҷи дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо ва дигар шаҳрвандони феълӣ дар Эрон таъмин намояд.”
Субҳи 13-уми июн Исроил ба хоки Эрон ҳамла кард ва ин даргирӣ то имрӯз давом дорад. Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Мақомоти Эрон: дар ҳамлаҳои Исроил садҳо кас куштаву захмӣ шудааст

Мақомоти Эрон омори талафот дар пайи ҳамлаҳои Исроилро эълон карданд.
Ба иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, дар ҳамлаҳои Исроил 224 эронӣ кушта шуда, беш аз ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Эрон иддао доранд, ки 90 дарсади кушта ва захмиён ғайринизомиён ҳастанд.
Дар ҳамин созмони Human Rights Activists in Iran, қароргоҳаш дар Амрико эълон кард, ки дар ҳамлаҳои Исроил ба Эрон зиёда аз 400 кас кушта шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, аз оғози низоъ бо Эрон 15 нафар кушта ва ҳудуди 400 исроилӣ захмӣ шудаанд.
Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон вориди чорумин рӯзи худ шуд. Расонаҳои ду кишвар хабар доданд, ки субҳи 16-уми июн низ ҳамлаҳои ду тараф идома дошт.
Шоми якшанбеи 15-уми июн Эрон ба шаҳри Ҳайфо дар шимоли Исроил ва шаҳри Кирят Гат дар ноҳияи ҷануби ин кишвар бо мушак ҳамла кард. Инчунин расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки Эрон субҳи 16-уми июн низ ба сӯи Исроил мушак партоб кардааст.
Расонаҳои маҳаллии Эрон аз ҳамлаи Исроил ба чанд шаҳри ин кишвар, азҷумла Теҳрон ва Машҳад хабар доданд. Азҷумла ба як бинои Вазорати хориҷаи Эрон ҳамла шудааст.
Ин низоъ субҳи 13-уми июн бо ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон оғоз шуд. Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Ароқчӣ: Эрон ҳамлаҳоро қатъ мекунад, агар Исроил ҳам ин корро кунад

Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, кишвараш ҳамлаҳо ба Исроилро қатъ мекунад, агар исроилиҳо низ ҳамла ба Эронро бас кунанд.
Аббос Ароқчӣ 15-уми июн дар нишасте бо ҳузури намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон гуфт, Эрон намехоҳад даргирӣ ба дигар кишварҳо низ сироят кунад. Ароқчӣ афзуд, кишвараш танҳо худро муҳофизат мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки ба ҳамлаҳои Исроил мусоидат кардааст. Вашингтон ҳамагуна даст доштанашро дар даргириҳои ахир рад мекунад.
Аббос Ароқчӣ гуфтааст, ҳадафи Исроил аз ҳамла ба Эрон, халалдор кардани музокирот бар сари барномаи ҳастаӣ буд. Қарор буд даври навбатии музокироти Амрико ва Эрон 15-уми июн дар Уммон баргузор шавад. Баъди ҳамлаи Исроил, Теҳрон аз ширкат дар ин музокирот даст кашид.
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз Амрико хост, ки амалкарди Исроилро маҳкум кунад. Аббос Ароқчӣ гуфт, Теҳрон омода аст, дар бораи насохтани силоҳи ҳастаӣ ба созиш расад, вале ин тавофуқ набояд Эронро аз ҳаққи доштани барномаи ҳастаӣ маҳрум созад.
Даргирӣ миёни Тел-Авив ва Теҳрон субҳи 13-уми июн ва бо ҳамлаи ногаҳонии Исроил ба таъсисоти ҳастаӣ ва мушакии Эрон оғоз шуд. Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорон ва чанд донишманди ҳастаӣ кушта шуданд.
Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Дар садамаи Боинг дар Ҳиндустон 274 кас ҳалок шудааст

Шумори қурбониёни садамаи ҳавопаймои Боинг дар Ҳиндустон ба 274 кас расид. Дар ин бора шабакаи NDTV бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Дар миёни қурбониён 241 нафарашон мусофир ва ҳайати парвози ҳавопаймо ва 33 каси дигар дар замин будаанд. Ҳавопаймо ба болои бинои коллеҷи тиббӣ афтид. Дар онҷо 10 пизишк ва аъзои оилаашон ҳалок шуданд.
Пештар мақомоти Ҳиндустон пайдо шудани 270 ҷасадро тасдиқ карда буданд.
Дар ин ҳодиса фақат як мусофири ҳавопаймо зинда мондааст.
Ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner рӯзи 12-уми июн аз Аҳмадобод ба Лондон бояд парвоз мекард, баъди чанд дақиқаи аз замин боло шудан суқут кард. Дар наворҳо дида мешавад, ки баробари ба замин бархурдан ҳавопаймо метаркад.
Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз сабаби сарозер шудани ҳавопаймо дақиқ нашудааст.
Трамп ва Путин гуфтаанд, даргирии Эрон ва Исроил бояд тамом шавад

Роҳбарони Амрико ва Русия 14-уми июн телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Ин панҷумин суҳбати телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин аз замони бозгашти Трамп ба Кохи Сафед аст.
Дар бораи ин суҳбат нахуст Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар дод. Дертар Доналд Трамп ҳам ин хабарро дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social нашр кард.
Ба гуфтаи Ушаков, суҳбат 50 дақиқа идома кард. Путин Трампро ба зодрӯзаш табрик кардааст. Доналд Трамп рӯзи 14-уми июн 79-сола шуд.
Трамп ва Путин дар бораи ҷанги Украина ва вазъият дар Ховари Миёна гап задаанд. Юрий Ушаков мегӯяд, Путин амалиёти Исроил алайҳи Эронро маҳкум карда гуфтааст, он “нигарониҳои ҷиддиро аз густурда шудани ҷанг” бештар кардааст.
Ба гуфтаи Ушаков, ҳарду президент бозгашт ба музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Эронро "истисно накардаанд."
Доналд Трамп навиштааст, бахши асосии суҳбати ӯ бо Путин дар бораи Эрон ва Исроил буд ва ду тараф дар бораи ҷанги Украина камтар гап задаанд.
Трамп навиштааст, ки ӯ ва Путин бар сари ин масъала розианд, ки даргирии Эрон ва Исроил бояд тамом шавад. Раиси ҷумҳури Амрико навиштааст, ӯ ба Путин гуфт, ҷанг дар Украина ҳам бояд поён ёбад.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон музокироти ҳастаиро "бемаъно" хонд

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, идомаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ "бемаъно" аст. Ӯ бо ишора ба музокироти ҳастаӣ байни Теҳрон ва Вашингтон гуфт, ки пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Эрон, "тарафи муқобил коре кард, ки гуфтугӯ бемаъно шуд".
Эрон ва Амрико то кунун панҷ даври музокироти ҳастаӣ баргузор кардаанд ва бар асоси эълони пешакӣ, қарор аст даври шашум рӯзи 15 июн дар Масқат, пойтахти Умон, баргузор шавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пеш аз ин гуфта буд, ки ба ин бовар аст, ки ҳамлаи густурдаи Исроил ба Эрон эҳтимоли даст ёфтан ба созиши ҳастаии Амрико ва Эронро афзоиш додааст.
Раисҷумҳури Амрико дар посух ба ин суол, ки оё ҳамлаи Исроил дипломатияи ҳастаии ӯро ба хатар андохтааст, гуфт, "фикр намекунам, шояд баръакс. Шояд ҳоло онҳо ҷиддӣ музокира кунанд".
Ҳамчунин Доналд Трамп рӯзи ҷумъа дар як мусоҳибаи телефонӣ бо хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки маълум нест Эрон пас аз ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар, оё ҳанӯз барномаи ҳастаӣ дорад ё не.
Трамп ҳамчунин афзуд, ки Амрико ҳамчунон гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эронро барои рӯзи якшанбе барномарезӣ кардааст, аммо мутмаин нест, ки оё ин музокирот баргузор хоҳад шуд ё не. Ӯ айни замон бори дигар таъкид кард, ки барои мақомоти Эрон ҳанӯз дер нашудааст, то тавофуқе анҷом диҳад.
Як шаҳрванди Русия барои нашри хабарҳо дар бораи "Крокус" ҷарима шуд

Додгоҳе дар Санкт-Петербург як шаҳрванди Русияро барои нашри хабарҳое, ки ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"-ро "сафед" мекард, 600 ҳазор рубл ҷарима кардааст.
Николай Конашенко, муаллифи хабарҳое, ки ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"дар вилояти Маскавро сафед мекард, 600 ҳазор рубл ҷарима ва барои ду сол аз мудирияти сомонаҳо маҳрум карда шуд.
Дар наворе, ки Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Санкт-Петербург нашр кардааст, боздоштшуда иқрор шудааст, ки дар шабакаи "Фейсбук" ҳамлаи террористӣ дар "Крокус"-ро сафед кардааст.
Ин бори аввал нест, ки як нафарро барои сафедкунии ҳамла ба "Крокус" ҷазо медиҳанд. Моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Баҳодур Зуҳурови 26-солаи шаҳрванди Тоҷикистон низ бо гумони "сафедкунии терроризм", боздошт шуд.
Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ дар як замимаи гуфтугӯии шабакаи "Телеграм" навори ҳамла ба "Крокус"-ро нашр кардааст, ки дар он аломатҳои сафедкунии терроризм дида мешаванд. Аммо феълан маълум нест, ки нисбати ӯ чӣ ҷазо таъин шуд.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус сити ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳои террористӣ дар солҳои охир дар Русия дониста мешавад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки иҷрокунандагони асосии ин ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон ва тарафдорони "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ мебошанд, ки гӯё бо фармоиши Украина ин корро кардаанд. Украина чунин иттиҳомҳоро рад карда, онро комилан беасос номидааст.
Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороте ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии исломии Эронро маҳкум кард. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна нигаронӣ шудааст.
"Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии амиқ аз шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, зарбаҳои низомии ҷониби Исроилро ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти сершумори ҷонӣ гардиданд, ҳамчун нақзи муқаррароти меъёрҳои умумиэътирофгардидаи муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян маҳкум менамояд",-омадааст дар ин изҳорот.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ибрози тасаллият ба пайвандону наздикон ва мардуми Эрон, таъкид кардааст, ки ягона роҳи сулҳомези ҳалли бӯҳрон дар минтақа, ин нишастан сари мизи музокирот мебошад.
Дар ин замин, ҷониби Тоҷикистон аз ҳама ҷонибҳо даъват кардааст, то аз даргириҳои низомӣ худдорӣ намуда, бо пойбандӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои дигар қонунҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ҳалли ин буҳрон, ки паёмадҳояш метавонад фоҷеабор бошад, чораҳо андешанд.
Субҳи 13 июн Исроил бо беш аз 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба шаҳрҳои гуногуни Эрон, аз ҷумла, Теҳрон, Ҳамадон, Исфаҳон, Шероз, Табрез ва таъсисоти ҳастаии он кишвар, ҳамла кард.
Бар асари ин ҳамлаҳо, шуморе аз фармондеҳони баландпоя, аз ҷумла, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ Амиралӣ Ҳоҷизода, бархе дигар фармондеҳон ва шаш донишманди ҳастаӣ, кушта шуданд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки дар ҳамлаҳо дар устони Теҳрон 78 нафар ҷон бохтанд, ки бештари онҳо ғайринизомиён ҳастанд. Ҳашт тани дигар дар ҳамла ба Табрез кушта шудаанд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки ба ин ҳамлаи Исроил посухи қотеъ медиҳанд.
Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намудааст.
Пахши барномаҳои Радио Свобода дар маҳвора боздошта шуд

USAGM - Оҷонсии ИМА оид ба расонаҳои ҷаҳонӣ, ки сарпарасти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) мебошад, созишномаро бо хадамоти маҳвораӣ, ки барномаҳои Радио Свобода - Бахши русии РАО/РО-ро нашр мекард, тамдид накард. Бо ҳамин сабаб нашри барномаҳои ин расона дар маҳвораи Eutelsat Hotbird 13G қатъ шуд. Инчунин бо сабаби шароити номусоиди молӣ пахши барномаҳои ин радио дар мавҷҳои миёнаи 1386 килоҳертс хотима ёфтааст. Ҷустуҷӯи идомаи маблағгузорӣ давом дорад.
Айни замон, дастрасӣ ба барномаҳои Радио Свобода тавассути пахши садоии зинда дар сомонаи Svoboda.org, YouTube-канали Радио Свобода Live ва телеграм-канали асосии он дастрас аст.
Дар додгоҳи ҳавзавии федеролии Вашингтон муҳокимаи баҳси маблағгузории РАО/РО идома дорад. Ширкати расонаӣ аз USAGM талаб дорад, ки боқимонда 62 миллион доллар маблағи аз ҷониби Конгресс барои соли 2025 ҷудокардаро бидиҳад.
Раҳбарияти муваққатии USAGM, ки 15 март таъин шуд, додани пулҳои аз ҷониби Конгресси ИМА ба РАО/РО ҷудошударо боздошт. USAGM ин қарорашро бо ихтисори хароҷоти давлатӣ ва мубориза бо харҷҳои беҳудаи пулҳои андозсупорандаҳо рабт медиҳад. Айни замон, дар қарори Додгоҳи федеролӣ гуфта шудааст, ки хароҷоти кунунии радио аз ҷониби Конгресс ва маъмурияти президенти ИМА иҷоза дода шудааст. Кохи Сафед фурсат дошт, ки дар давраи муҳокимаи буҷа онро рад кунад.
РАО/РО мегӯяд, амалҳои USAGM ба фаъолияти ин расона “зарари ҷуброннопазир” мерасонад. Стивен Капус, президенти РАО/РО гуфт, “мо аз додгоҳ интизор дорем, ки ҳимояташро идома медиҳад. Рад кардани додани пули аз ҷониби Конгресс ҷудошуда ғайриконститутсионӣ мебошад”, гуфт ӯ.
ВКД Русия гуфт, ҷинояткории хориҷиҳо 15% афзудааст

ВКД Русия гуфт, ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиҳо содиршуда дар ин кишвар дар чормоҳаи аввали соли 2025 дар қиёс бо соли гузашта 15,3% афзуда, ҳар ҷинояти шашумро аз миёни хориҷиҳо шаҳвандони Тоҷикистон содир кардаанд.
Виталий Яковлев, муовини сардори сарраёсати умури муҳоҷирати ВКД Русия дар як ҳамоише дар шаҳри Ашқобод 12 июн гуфт, “мутаассифона, мо раванди манфии афзоиши шумори ҳодисаҳои ҷиноии содиршаванда аз ҷониби муҳоҷиронро мушоҳида мекунам. Аз ҷумла, шумори ҷиноятҳое, ки аз ҷониби хориҷиҳо содир шудааст, то 15,3% афзудааст.
Ба ифодаи рақам, дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ хориҷиҳо дар Русия 12,5 ҳазор ҷиноят содир кардаанд”, гуфт Яковлев дар конфронсе бо иштироки мақомоти муҳоҷирати кишварҳои Қазоқистон, Русия, Эрон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон. Яковлев гуфтааст, соли ҷорӣ аксар ҷиноятҳоро шаҳрвандони Узбекистон (35,5% аз шумори умумии ҷиноятҳои миёни хориҷиҳо), Тоҷикистон (16,6%) ва Қирғизистон (11,5%) содир кардаанд. Маълум нест, манзур кадом навъи ҷиноятҳо аст.
Моҳе пеш раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрыкин дар як ҳамоише дар Петербург гуфт, дар миёни муҳоҷирон ҷиноятҳои вобаста ба муомилаи ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ва амалҳои террористӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Тасдиқи дурустии ин изҳорот тавассути манбаъҳои мустақил имкон надорад. Вале дар бисёр ҳолатҳо муҳоҷирон аз мавриди тӯҳмат қарор гирифтанашон аз ҷониби ходимони ҳифзи қонуни Русия ҳам хабар додаанд.
Изҳороти мақомоти ҳифзи қонуни Русия, ки дар як соли охир бахсус зидди муҳоҷирони корӣ бо шеваи бераҳмона амал мекунанд, дар ҳоле садо медиҳад, ки Сергей Шойгу, дабири шӯрои амнияти Русия поёни моҳи апрел гуфт, дар Русия шумори хориҷиҳо зиёд шудааст, вале шумори ҷиноятҳое, ки онҳо содир кардаанд, дар сатҳи пешина, яъне 2% аз омори умумии ҷинояткорӣ дар саросари кишвар боқӣ мемонад.
Шойгу гуфт, соли 2024 дар Русия 6,3 ва соли 2023 дар ин кишвар 5,9 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор доштанд. “Шумори ҷиноятҳои аз ҷониби онҳо содиршуда амалан тағйир наёфтааст ва 38,6 ҳазор ҳолатро ташкил додааст”.
Дар Русия бахусус баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус”, ки дар содир кардани он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, мақомот мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро шиддат бахшиданд. Дар ин кишвар даҳҳо қонуни нави маҳдудкунандаи кор ва ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ қабул шуд. Айни замон, дар матбуоти маҳаллӣ тарғиботи зидди муҳоҷирон ҳамаҷониба идома дорад.
Пас аз ҳамлаи Исроил, Эрон аз музокира бо ИМА даст кашид

Эрон аз музокира дар бораи барномаи ҳастаиш бо ИМА даст кашидааст.
Расонаҳои давлатии ин кишвар хабар додаанд, ки пас аз ҳамлаи Исроил дар шаби гузашта Эрон дигар бо Амрико музокира нахоҳад кард.
Музокираи ғайримустақими Эрону Амрико бояд рӯзи 15-уми июн дар Уммон баргузор мешуд. Дар чанд моҳи ахир мақомоти ду кишвар панҷ бор сари барномаи ҳастаии Эрон музокира карда буданд.
Мақомоти амрикоӣ ҳанӯз тасмими Эронро шарҳ надодаанд, вале таъкид карданд, ки дар ин ҳамла нақш надоранд ва музокиротро идома медиҳанд.
Стив Уиткофф, намояндаи хоси Доналд Трамп, президенти ИМА тасмим дорад бо Аббос Арақчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон вохӯрад.
Шаби 12 ба 13-уми июн Исроил бо 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба хоки Эрон ҳамла кард. Дар ин ҳамла чанд фармондеҳи баландмақоми эронӣ кушта шуд. Исроил гуфт, ҳадафаш нобуд кардани барномаи ҳастаии Эрон аст, ки қасд дорад, силоҳӣ атомӣ созад. Эрон борҳо таъкид кардааст, ки қасди сохтани силоҳӣ ҳастаиро надорад ва барномааи ҳастаиаш сулҳомез аст.