Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки 13-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) шуруъ мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон, ки дар пойтахти Маҷористон то рӯзи 19-уми июн идома хоҳад кард, иштироки 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам дар назар аст.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт нуҳ варзишгар дар рақобатҳо байни мардон дар шаш вазн намояндагӣ хоҳанд кард: Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни -66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).
Натиҷаҳои қуръакашӣ бо иштироки паҳлавонони тоҷик:
-60 кг – Меҳрзод Суфиев – Ҷонатан Чарон (Куба) – даври дуюм;
-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ – ғолиби ҷуфти Адриан Нието Чинарро (Испания)/Тойлу Муродов (Туркманистон) – даври дуюм;
-66 кг – Обид Ҷебов - ғолиби ҷуфти Балит Гомбас (Маҷористон)/ Антони Де Ангелис (Латвия) – даври дуюм;
-73 кг – Абубакр Шеров – Нилс Стамп (Швейтсария) – даври дуюм;
-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода – Арун Кумар (Ҳиндустон) – даври якум;
-81 кг – Сомон Маҳмадбеков - ғолиби ҷуфти Ҷоао Фернандо (Португалия)/ Аттила Унгвари (Маҷористон) – даври дуюм;
-100 кг – Кароматулло Ҳакимов – Арман Адамян (IJF) – даври дуюм;
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов - ғолиби ҷуфти Сингҳ Автар (Ҳиндустон)/ Коусай Бен Чарис (Тунис) – даври дуюм;
+100 кг – Темур Раҳимов – Сеунгёб Ли (Кореяи Ҷанубӣ) - даври дуюм.
Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд. Тибқи дастури мусобиқот рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн байни мардон ва дар як вазн миёни занон доир мегардад.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ - 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ - 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ - 1,600 евро).
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.
Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007-ум дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.
МАРИУС ВИЗЕР ПРЕЗИДЕНТИ IJF ИНТИХОБ ШУД
11-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон ҷаласаи Конгресси Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузор гардид. Мариус Визери 66-солаи руминиягӣ бори шашум пайиҳам ба вазифаи президенти (IJF) интихоб гардид.
Мариус Визер сар аз соли 2007 роҳбарии Федератсияи байналмилалии ҷудоро ба зимма дорад. Вай пас аз интихоби шашумаш ба ин вазифа гуфт, "ҳадафи мо рушди минбаъдаи ҷудо ҳамчун як варзиши на танҳо рақобатӣ, балки фарҳангӣ, маънавӣ ва омӯзанда барои наслҳои оянда дар тамоми гӯшаҳои дунёст".