Мушакҳои эронӣ ва раҳгириҳои сомонаи дифои "Гунбади оҳанин"-и Исроил пас аз нимашаби 14 июн, осмони Телавивро рӯшан карданд ва бархе аз мушакҳо ба биноҳо бархӯрданд ва таркиданд. Мақомоти низомии Исроил гуфтанд, ки шаҳрҳои Ҳайфа ва Байтулмуқаддас низ ҳадаф қарор гирифтанд.
Масъулини ҳолатҳои фавқулоддаи Исроил гуфтанд, ки дастикам се нафар кушта ва беш аз 90 тани дигар бар асари ҳамлаҳои Эрон захмӣ шуданд.
Ҳамзамон мақомоти низомии Исроил эълон карданд, ки субҳи 14 июн даҳҳо макони партоби мушак дар Эронро ҳадаф қарор додааст. Исроил ҳамчунин гуфт, ки падофанд ё системаи дифои ҳавоии ҳавоии Эронро дар устони Теҳрон ҳадаф қарор додааст.
Як дипломати эронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки бар асари ҳамлаҳои Исроил 78 нафар кушта ва беш аз 320 тани дигар захмӣ шудаанд.
Телевизиони давлатии Эрон 14 июн иттилоъ дод, ки ҳудуди 60 нафар, ба шумули 20 кӯдак дар пайи зарбаҳои Исроил ба яке аз маҷмааҳои истиқоматӣ дар Теҳрон, кушта шуданд.
Ҳамлаи Эрон ба Исроил. 14 июн, 2025.
Ин ҳамлаҳои пай дар пай, бо ҳамлаи ҳавоии густурда ва ногаҳонии Исроил ба таъсисоти ҳастаӣ ва мушакии Эрон дар 13 июн ва ҳамчунин ҳамлаҳои ҳадафмандтар алайҳи генералҳои баландпоя ва чандин донишманди ҳастаӣ, оғоз шуд. Ин ҳамлаҳо Ховари Миёнаро ба остонаи ҷанги тамоман аёр тела додааст.
Ҳамзамон бо ба садо даромадани занги хатар дар соатҳои аввали 14 июн, телевизионҳо ба таври зина таркишҳои бузургеро ҳудуди соати 1:15 дар Телавив нишон доданд. Артиши Исроил аз ғайринизомиён хост, то ба паноҳгоҳҳо бозгарданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳангоми сапедадам, партобҳое дар чандин шаҳр гузориш шуд. Мақомҳои исроилӣ иддао карданд, ки бисёре аз мушакҳоро раҳгирӣ карданд, агарчӣ хисороте ба шуморе аз хонаҳо низ гузориш шудааст.
Хадамоти оташнишонии Исроил эълон кард, ки амалиёти имдодрасонӣ шомили наҷоти афроде, будааст, ки дар як бинои истиқоматии баландошёна банд монда буданд. Рӯзи 14 июл як партоб ба биное дар маркази Телавив бархӯрд кард.
Ҳамлаи Эрон ба Исроил.
Раҳбарони ҷаҳонӣ ҳам хушунатро маҳкум карданд ва хостори хештандорӣ шудаанд.
Амрико -- муттаҳиди бовафои Исроил аз Эрон мехоҳад то барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаии худ, ба созиш бирасад.
Пас аз ҳамлаҳои аввали Исроил, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Теҳрон ҳушдор дод, "пеш аз он ки дер шавад", ба созиш бирасанд.
Кохи Сафед эълон кард, ки нерӯҳои заминии Амрико дар ду мавҷи аввали ҳамлаи мушакии Эрон, дар сарнагун кардани онҳо кӯмак кардаанд. Як мақом, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфт, ки то кунун аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва киштиҳои ҷангии Амрико дар ин амалиёт истифода нашудааст. Аммо ӯ ҷузъиёти бештар надод.
Як мақоми Кохи Сафед гуфт, ки Доналд Трамп бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу суҳбати телефонӣ дошт. Ҷузъиёти ин сӯҳбат маълум нест.
Генерал-полковник Еффие Дефрин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Исроил гуфт, ки Эрон дар ду мавҷи аввали ҳамла ба Исроил дар 13 июн, ҳудуди 200 мушак партоб кард. Ӯ афзуд, ки бештари онҳо тавассути системаи дифои ҳавоӣ раҳгирӣ шуданд.
Ҳамлаи Исроил ба Эрон. 13 июн, 2025.
Ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, аз ҷумлаи маконҳое ки дар ҳамлаҳои аввали Исроил дар Эрон ҳадаф қарор гирифтанд, пайгоҳи фармондеҳии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар Теҳрон буд. Мақомҳои эронӣ гуфтанд, ки дар ин ҳамла, фармондеҳи Сипоҳи посдорон Ҳусейн Саломӣ, кушта шуд.
Радиои давлатии Эрон рӯзи 14 июн гузориш дод, ки ду генерали дигар -- Ғуломризо Меҳроби ва Маҳди Раббонӣ, аз аъзои баландпояи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар, кушта шудаанд.
Шумори умумии мақомҳои баландпояи низомии Эрон, ки дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд, ба 8 тан расид.
Гузоришҳои тасдиқношуда дар субҳи 14 июн ҳикоят аз он дорад, ки ду мушак ба фурудгоҳи "Меҳробод"-и Теҳрон бархӯрда, боиси оташсӯзӣ дар онҷо шудааст. Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон --ИРНА, минтақаҳои истиқоматӣ дар Теҳрон ва чандин шаҳри дигар низ мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтаанд.
Эрон: Музокироти ҳастаӣ "бемаъно" аст.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, идомаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ "бемаъно" аст. Ӯ бо ишора ба музокироти ҳастаӣ байни Теҳрон ва Вашингтон гуфт, ки пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Эрон, "тарафи муқобил коре кард, ки гуфтугӯ бемаъно шуд".
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
Эрон ва Амрико то кунун панҷ даври музокироти ҳастаӣ баргузор кардаанд ва бар асоси эълони пешакӣ, қарор аст даври шашум рӯзи 15 июн дар Масқат, пойтахти Умон, баргузор шавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пеш аз ин гуфта буд, ки ба ин бовар аст, ки ҳамлаи густурдаи Исроил ба Эрон эҳтимоли даст ёфтан ба созиши ҳастаии Амрико ва Эронро афзоиш додааст.
Раисҷумҳури Амрико дар посух ба ин суол, ки оё ҳамлаи Исроил дипломатияи ҳастаии ӯро ба хатар андохтааст, гуфт, "фикр намекунам, шояд баръакс. Шояд ҳоло онҳо ҷиддӣ музокира кунанд".
Ҳамчунин Доналд Трамп рӯзи ҷумъа дар як мусоҳибаи телефонӣ бо хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки маълум нест Эрон пас аз ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар, оё ҳанӯз барномаи ҳастаӣ дорад ё не.
Трамп ҳамчунин афзуд, ки Амрико ҳамчунон гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эронро барои рӯзи якшанбе барномарезӣ кардааст, аммо мутмаин нест, ки оё ин музокирот баргузор хоҳад шуд ё не. Ӯ айни замон бори дигар таъкид кард, ки барои мақомоти Эрон ҳанӯз дер нашудааст, то тавофуқе анҷом диҳад.
Эрон: Талошҳои ҳастаӣ барои истифодаи ғайринизомӣ
Телевизиони давлатии Эрон бо нашри акс ва наворҳои видеоӣ аз дуди ғализи бархоста аз корхонаи ҳастаии Натанз гузориш дод, ки он "чандин бор" ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ тасдиқ кардааст, ки Натанз ҳадаф қарор гирифтааст, аммо гуфтааст, ки мизони афзоиши радиатсияро ошкор накардааст.
Раҳбари ин Оҷонсӣ Рафаэл Гросси ба нақл аз мақомоти эронӣ ба Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ки бахши берунии ин пойгоҳ тахриб шудааст.
Ҳамчунин ҳамлае ба таъсисоти ғанисозии "Форду" дар ҳудуди 100-километрии ҷануб-шарқи Теҳрон ва ҳамчунин як маркази таҳқиқотӣ дар Исфаҳон, гузориш шудааст.
Як рӯз пеш аз ҳамлаи Исроил, ин Оҷонсӣ барои аввалин бор аз соли 2005 расман эълон кард, ки Эрон ба ӯҳдадориҳои худ дар заминаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ пойбанд набудааст.