Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар сомонаи худ хабар додааст, ки аз моҳи августи соли 2025 гузаронидани мусобиқаҳои расмӣ дар майдонҳои чаманашон сунъӣ манъ хоҳад шуд.
Ин иқдом бо мақсади таъмини шароити беҳтар барои бозигарон, коҳиши хатари осеб дидан ва баланд бардоштани сифати бозӣ дар мусобиқаҳои сатҳи қитъавӣ амалӣ мегардад.
Аз моҳи августи соли равон баргузории бозиҳо дар майдонҳои сунъӣ дар мусобиқаҳои расмии зерин манъ хоҳад шуд: марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё, марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё миёни бонувон, бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), мусобиқаи интихобии олимпӣ миёни бонувон, Лигаи қаҳрамонҳои Элитаи Осиё (AFC Champions League Elite), Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 (AFC Champions League 2), Лигаи қаҳрамонҳои бонувон (AFC Women’s Champions League).
AFC таъкид кардааст, танҳо ба варзишгоҳҳое, ки бо чамани табиӣ муҷаҳҳаз мебошанд, барои баргузории бозиҳо дар ин мусобиқаҳо иҷоза дода мешавад.
Ба назари мутахассисони соҳа, ин тасмим дар асоси натиҷаҳои омӯзишҳои тиббӣ ва машварат бо коршиносони техникӣ ё фаннӣ гирифта шудааст.
Мақомоти AFC бар ин назаранд, ки истифодаи майдонҳои сунъӣ метавонад ба сатҳи бозии дастаҳо ва саломатии футболбозон таъсири манфӣ расонад.
Ин иқдом эҳтимол дорад кишварҳоеро, ба мисли Тоҷикистон, ки то ҳоло аз майдонҳои сунъӣ истифода мекунанд, водор созад то ба талаботи нав мутобиқ шаванд ва дар самти муҷаҳҳазсозии инфрасохтори варзишӣ тадбирҳо андешанд.
Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 дар мавсими 2025/2026 соҳиби муҷаввиз (литсензия) гардид.
“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот иштирок мекунад. Даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 дар мавсими нав рӯзҳои 17-19-уми сентябр баргузор мешавад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон - "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 иштирок хоҳад кард.
Рақиби тими “Регар-ТадАЗ” дастаи "Аҳал"-и Туркманистон мебошад. Бозии ин ду даста дар миёнаи моҳи август дар Тоҷикистон барпо мегардад.
Дар сурати пирӯзӣ дастаи "Регар-ТадАЗ" соҳиби роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқот дар мавсими 2025/2026 мешавад. Дастаи ноком мустақиман дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (AFC Challenge League) ширкат меварзад.