Ҳамлаи Исроил ба Эрон. Чанд фармондеҳи баландпоя кушта шудаaнд

Теҳрон пас аз ҳамлаи Исроил. 13 июн, 2025.

Исроил субҳи ҷумъаи 13 июн ба чандин шаҳри Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла кард. Дар пайи ин ҳамлаҳо, чанд фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, кушта шудаанд.

Шабакаи хабарии телевизиони Ҷумҳурии исломӣ эълон кард, ки Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ҳасан Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон, Ғуломалӣ Рашид, фармондеҳи қароргоҳи Хотам-ул-анбиё, Фаридун Аббосӣ, раиси пешини Созмони энержии атомӣ ва Муҳаммад Маҳдӣ Теҳрончӣ, раиси Донишгоҳи озод, дар ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.

Хабаргузории "Тасним" наздик ба Сипоҳи посдорон кушта шудани Ҳасан Саломиро тасдиқ кардааст. Як мақоми амниятии исроилӣ гуфт, ки Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, "эҳтимолан кушта шудааст". Шабакаи хабари телевизиони Ҷумҳурии исломӣ ҳам дар пай кушта шудани Муҳаммад Боқириро тасдиқ кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамлаи Исроил ба Эрон. Чанд фармондеҳи баландпоя кушта шудаaнд

Хоманаӣ ваъдаи интиқом дод

Исроил эълон кард, ки ин кишвар субҳи ҷумъа ҳамлаҳоеро алайҳи пойгоҳҳои ҳастаӣ ва низомии Эрон анҷом дод.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки амалиёт алайҳи "қалби барномаи ғанисозии ҳастаии Эрон" сурат гирифта, ҳадафи он таъсисоти ҳастаӣ дар Натанз ва донишмандони ҳастаӣ будааст. Нетаняҳу ҳамчунин изҳор дошт, ки ин амалиёт "чанд рӯзе, ки зарур бошад, идома хоҳад дошт".

Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон чанд соат пас аз ҳамлаҳои Исроил ба нуқтаҳои гуногуни ин кишвар, гуфт, ки Исроил бо ин ҳамлаҳо, "сарнавишти талх ва дардноке барои худ тадорук дид ва онро ҳатман дарёфт хоҳад кард".

Хоманаӣ дар паёми худ гуфт, "дасти қудратманди нерӯи мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ ӯро раҳо нахоҳад кард".

Ӯ бо баёни инки Исроил бояд мунтазири муҷозот бошад, тасдиқ кард, ки дар ҳамлаҳои Исроил чанд фармондеҳ ва донишманд кушта шуданд ва гуфт, ки "ҷойнишинҳо ва ҳамкорони онҳо бе таъхир вазифаҳои худро пай хоҳанд гирифт".

Ҳамла ба чанд шаҳри Эрон

Расонаҳои давлатии Эрон эълон карданд, ки як бинои истиқоматӣ дар Теҳрон низ мавриди ҳамла қарор гирифта, шуморе аз шаҳрвандон, аз ҷумла, занон ва кӯдакон, кушта шудаанд.

Телевизиони давлатии Эрон гузориш додааст, ки оташ ва дуд дар яке аз минтақаҳои калидии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар Теҳрон дида шуда, таркишҳое низ дар шаҳри Натанз ба гӯш расидааст.

Аксҳо аз ҳамлаи Исроил ба Эрон

Ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, Исроил ҳамчунин ба Ҳамадон, Кирмоншоҳ, Натанз, Қасри Ширин ва Бандар Аббос ҳамла кардааст.

Дар пайи ин ҳамлаҳо, Фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ дар Теҳрон парвозҳои худро қатъ карда, Ироқ ҳам ҳарими ҳавоии худро баст ва ҳама парвозҳо дар фурудгоҳҳои худро мутаваққиф намуд.

Исроил вазъияти изтирорӣ эълон карда, ҳарими ҳавоии худро бастааст.

Эрон Амрикоро муттаҳам кард. Рубио гуфт, "даст надорем"

Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар баёнияе ҳамлаҳои Исроилро дар ҳамоҳангӣ бо ИМА дониста, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро масъули паёмадҳои он донистааст.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо наметавонад бе ҳамоҳангӣ ва иҷозати Амрико сурат бигирад ва бар ин асос, ҳукумати Амрико ба унвони пуштибони аслии Телавив, "масъули паёмадҳои хатарноки моҷароҷӯии Исроил", хоҳад буд.

Аммо Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, ки аз зарбаи Исроил хабар дошта, аммо Амрико дар ин ҳамла даст надорад. "Мо нерӯҳои худро дифоъ мекунем ва Эронро ҳушдор додаем, ки ба мо ҳамла накунад",-афзуд ӯ.